четверг, 27 мая 2010 г.

Буи атр


То нишасти ру ба руи атр
Дар гулу дармонд буи атр

Дар машоми хар ки буят хаст
Кай намояд орзуи атр ?

Рахна шуд бозори атторон
Кас наёмад бо ту суи атр

Назди ононе туро доранд
Нест дигар обруи атр

Оламе сармасти буи туст
Гофилон дар чустучуи атр

Мечашам буи хушатро субх
Мефишорам аз гулуи атр

То хадиси буи хуш гуфтам
Пора шуд хар дам сабуи атр

Хикмати гург


Солхо шуд "гургошнойем"
Гургхоро дар таги пойем

Гах мушовир гох аброрем
Гургхоро дуст медорем

Мо ба ин гургон Ватан додем
Точу тахту анчуман додем

Гург гургу мо чу гусфандем
Мехурад морову механдем

То ки гурге пир мегардад
Баччаи он шер мегардад

Боз мову боз ин гургон
Гург бояд шуд дар ин зиндон