воскресенье, 29 января 2012 г.

Мохи ман

Мохи ман, хуш омади!огози туст
Ин замини пок пояндози туст

Ин фазо, ин осмон, афлоки дур
Арсаи чавлонгаху парвози туст

Ин хама ошик, ки дар шахри ман аст
Ходиму фармонбару сарбози туст

Рангу буйе нест дар дунёи мо
Хар чи хаст аз гамзаву аз нози туст

Хусни ту маънои ишку зиндагист
Шеъри шоир то абад эъчози туст

Додааст Хофиз Самарканду Бухор
Шахри уро медихам: Шерози туст!

Мешавад сармаст одам аз сухан
Буи мушку анбар аз Дарвози туст !

Мухаммас бар газали Кайсари Аминпур

Аз нигохаш пайкарам оташ гирифт

Чуши май дар согарам оташ гирифт

Хар чи буд давру барам оташ гирифт

"Ногахон дидам сарам оташ гирифт

Сухтам, хокистарам оташ гирифт"



Хастиам дар панчаи гирдоб шуд

Таркише дар олами ахбоб шуд

Сарнагун аз осмон махтоб шуд

"Чашм во кардам, сукутам об шуд

Чашм бастам, бистарам оташ гирифт"



Хеч кас аз дарди ман парво накард

Хеч кас рахме ба холи мо накард

Хеч кас фахме аз ин руё накард

"Дар задам, кас ин кафасро во накард

Пар задам, болу парам оташ гирифт"



Аз вучудам рухи шайтони парид

Нафси саркаш аз парешони парид

Хамчу аз як бора зиндони парид

"Аз сарам хоби зимистони парид

Об дар чашми тарам оташ гирифт"



Баъд аз он як нур омад з-осмон

Хамчу хуршед аз диёри ховарон

Нур гаштам, нури берангу нишон

"Харфе аз номи ту омад бар забон

Дастхоям, дафтарам оташ гирифт"

Медонам


Ман фалсафаи бахорро медонам
Хамрохии гул ва хорро медонам

Харчанд риёзиёти ман буд заъиф
Бо ин хама панчу чорро медонам

Як руз клоси ишк рафтам бе ту
Маънои нигохи ёрро медонам

Дилсухтагон кабобро менахуранд
Ахволи дили фигорро медонам

Пайваста чудо фитода аз ёру диёр
Танхоиву интизорро медонам

Аз мулки Хуросонаму аз Калъаи Хум
То хиттаи Сабзаворро медонам

Дарвозияму набераи Пири Садир
Оханги наю дуторро медонам

Мо пайрави суннатему авлоди наби

Кадри хама чор ёрро медонам

Хам мехри Хасан дораму хам шури Хусайн
Хам Дулдулу Зулфикорро медонам

Аллох якасту бар Мухаммад(с) салавот
Шукронаи кирдигорро медонам

Шамшер аду ба суи мо охта аст
Ин фитнаи рузгорро медонам

Ло хавла вало куввата илло биллох
Маъни хамин шиорро медонам




среда, 14 декабря 2011 г.

Киссаи занги музохим













Имшаб мубойлам занг зад. Гуфтам "Салом!" аммо

Гуфто:"Бубахшед ин туи ?" бо эхтиром аммо

Гуфтам:"Дар ин хангоми шаб оё намехоби

Гуфто, ки бедорам аз ин бонги паём, аммо

Гуфтам:"Паёмак аз ки буд аз дуст ё душман

Гуфто, ки аз як зан ва он хам нотамом... аммо

Гуфтам:"Шумо занхо магар шабхо намехобед

Гуфто, ки бошад бе шумо хобам харом, аммо

Гуфтам:"Бубахшед ин шумора чун ба даст афтод

Гуфто, ки сайёдам ту афтоди ба дом... аммо

Гуфтам, ки холо аз мани нодон чи мехохи

Харфи дилатро арз кун дар як калом аммо

Як лахзае хомуш шуд, гуфтам:"бигу возех

Гуфто:"Мухаббат, мехрубони, ишк, ком... аммо

Гуфтам, ки охир ман...бубахшед бачча дорам...зан

Гуфто:"Чи фарке мекунад моро кадом..." аммо

Гуфтам, ки бигзар аз хаво мо, ки мусалмонем

Кам-кам, ки медонам"...халол аст ё харом..." аммо

Гуфто зи сар берун кун ин афкори шайхиро

Ин содаги бигзору ин савдои хом аммо

...

Ногах занам якбора гуширо гирифт аз ман

Гуфто:" фалони, кучагарди субху шом... аммо

Даст аз сарам бардор варна мешави бадбахт

Фардо сурогат меравам бо интиком аммо

...

Бо хамсарам баъдан ба чони хеш афтодем

Аз дасти як занги музохим, вассалом, аммо





понедельник, 3 октября 2011 г.

Эхдо ба устод Ато Мухаммади Нур-шери жиёни Балх







Ато Мухаммади Нур:" Ошкоро бигуем, ки мехоханд моро бемард бисозанд, бе мардхои пайкоргар бисозанд, сарони моро аз мо бигиранд курбони намоянд ва бакияи моро мисли гусфанд чупони кунанд. Мо инро намехохем ва харгиз чунин нахохад шуд. Мо аз хакки инсони, исломи ва афгонии хеш химоят мекунем. !"


Худой хифз кунад мар туро Мухаммади Нур

Чавонмарди далеру шучо Мухаммади Нур

Начоти миллати мо дар изои химмати туст

Баландхиммату Рустамнамо Мухаммади Нур

Силохи хеш маяндоз, сипохи хеш биёр

Сипохдори сипохи Худо Мухаммади Нур

Зи Балх то ба Бухоро муриду сарбозем

Биё, ки хатм кунем мочаро Мухаммади Нур

Магар зи Балх набуд хонадони Сомони ?

Фузуд иззату фарханги мо, Мухаммади Нур

Ту аз табори бузургону Сарбадорони

Ту хам наводаи бар Мустафо Мухаммади нур (с)

Ман аз хиёнати душман зиёд метарсам

Ту бар Худой бикун иттико Мухаммади Нур !

Ба ин кабилагароёни кибласуз бигу

Ки захр бод ба коми шумо Мухаммади нур

Давои дарди дили шоирон хиёлот аст

Муроди пиру наби, авлиё Мухаммади нур (с)

Бахои зиндагии мо чиходу пайкор аст

Зихи муборизи бемуддао Мухаммади Нур

Ман аз диёри Вароруд дуруд мегуям

Ба шохи Балху Бухоро Ато Мухаммади Нур !

Касидаи ашку хун













Чи мотам аст дар ин рузгор дар Кобул
Сипохи фитна намуд инфичор дар Кобул

Сафири сулхи Ватанро гулула мебанданд
Дигар ба сулх машав интизор дар Кобул

Мабош гарра ба ришаш, ки хомили бомб аст
Ба зери лояи дастори ёр дар Кобул

Ба номи Карзаю дар коми толиб аст Ватан
Варои ин хама харфу шиор дар Кобул

Тамоми лашкари НАТО ба иддаои бузург
Накард амнияташ баркарор дар Кобул

Кучост ваъдаи пирузи, мерави тарсу
Ба танку туп ба гаштугузор дар Кобул

Чаро ба гург шумо дасти дусти додед ?
Чаро ки "Янки" кунад ифтихор дар Кобул

Барои чидани бангу хашиш омадаанд
Хушанд бо задани кукнор дар Кобул

Тамоми ходиса ин чо фиребу найранг аст
Чи чангу сулх, ки шуд бешумор дар Кобул

Ба пушти пардаи ин сахна як муомила аст
Бахона фитнаи Толиб, шикор дар Кобул

Хадаф на сулху саъодат барои афгон аст
Хадаф хамин, ки шаванд мондагор дар Кобул


Кунун ба хок расид он тане, ки чони азиз
Барои сулх намуди нисор дар Кобул

Дареги шахри бузургон, ки шуд хазони хазон
Дареги мардуми шабзиндадор дар Кобул

Зихи ба лафзи дари бо тамоми дар ба дари
Хакикатест хануз устувор дар Кобул

Чи солхо, ки гузашту гуле дигар нашукуфт
Чи солхо, ки наёмад бахор дар Кобул

Дилам барои ту эй, шахри ошикон хун аст
Илохи сулх шавад пойдор дар Кобул

среда, 21 сентября 2011 г.

Сафири сулх














Дар рузи шаходати чонгудози устод Раббони


Замони фитнаву макру риёст, торик аст
Ба хар кучо, ки диле мубталост точик аст

Чу устухон ба гулуи ситамгарон махкам
Ва Юсуфе, ки ба доми балост точик аст

Хазор сол маро куштаанду хоханд кушт
Сари бурида, ки дар Карбалост, точик аст

Чи кинаест чахонро ба кавми озода
Ки душманаш хама аз чапу рост точик аст

Ба хар кучо, ки шавад инфичор метарсам
Ки хар ки туъмаи ин мочарост точик аст

На шарк хамдами мо буд, на гарб дар гами мо
Ки душмани хамаги руирост точик аст

Хадаф зи хамла ба Афгонситон Усома набуд
Касе ки дар хадафи Амрикост точик аст

Дареги химмати Масъуду фахми Раббони
Шахиди тоза, ки дар кибриёст, точик аст