понедельник, 3 октября 2011 г.

Касидаи ашку хун













Чи мотам аст дар ин рузгор дар Кобул
Сипохи фитна намуд инфичор дар Кобул

Сафири сулхи Ватанро гулула мебанданд
Дигар ба сулх машав интизор дар Кобул

Мабош гарра ба ришаш, ки хомили бомб аст
Ба зери лояи дастори ёр дар Кобул

Ба номи Карзаю дар коми толиб аст Ватан
Варои ин хама харфу шиор дар Кобул

Тамоми лашкари НАТО ба иддаои бузург
Накард амнияташ баркарор дар Кобул

Кучост ваъдаи пирузи, мерави тарсу
Ба танку туп ба гаштугузор дар Кобул

Чаро ба гург шумо дасти дусти додед ?
Чаро ки "Янки" кунад ифтихор дар Кобул

Барои чидани бангу хашиш омадаанд
Хушанд бо задани кукнор дар Кобул

Тамоми ходиса ин чо фиребу найранг аст
Чи чангу сулх, ки шуд бешумор дар Кобул

Ба пушти пардаи ин сахна як муомила аст
Бахона фитнаи Толиб, шикор дар Кобул

Хадаф на сулху саъодат барои афгон аст
Хадаф хамин, ки шаванд мондагор дар Кобул


Кунун ба хок расид он тане, ки чони азиз
Барои сулх намуди нисор дар Кобул

Дареги шахри бузургон, ки шуд хазони хазон
Дареги мардуми шабзиндадор дар Кобул

Зихи ба лафзи дари бо тамоми дар ба дари
Хакикатест хануз устувор дар Кобул

Чи солхо, ки гузашту гуле дигар нашукуфт
Чи солхо, ки наёмад бахор дар Кобул

Дилам барои ту эй, шахри ошикон хун аст
Илохи сулх шавад пойдор дар Кобул