воскресенье, 6 декабря 2009 г.

Шакарфуруш



Чахони пир пур аз киссаву фасонаи мост

Шакарфуруш шудему шакар бахонаи мост

Як умр шиква зи бадхуи ёр хохем кард

Гилоя худ намаки шеъри ошиконаи мост

Мабош хаста агар навхаи хазин дорем

Хазор нагмаи нашнида дар таронаи мост

Туро бахонаи хилкат вучуди одам буд

Барои хастии худ ошики бахонаи мост

Зи нозу гамза парешон намешавад дили мо

Навиди хастадилон хилвати шабонаи мост

среда, 14 октября 2009 г.

Хубут















Мурге ба руи шохаи Тубо нишаста буд,

Як дона диду зуд фуруд омад аз куном.

Бингар ба ин ачоиби дунё,ки ин хавас

Як умр кард мургаки бечораро ба дом

воскресенье, 11 октября 2009 г.

Бозор




















Дар ин шахр шоху гадоро фурушанд
Ману ту ки бошем? Худоро фурушанд
Дар ин Чумъабозори чори чавонон
Чавониву хусни расоро фурушанд
Заминро ба Чину фазоро ба Мочин
Замину замону хаворо фурушанд
Чу номус колои бозориён шуд
Хама гавхари бебахоро фурушанд
Худиро дар ин шахр бегона дидам
Ба бегона сад ошноро фурушанд
Дар ин шахр ашрор болонишинанд
Хирадмандиву порсоро фурушанд
Хама чиз андар хариду фуруш аст
Каломи Худову дуоро фурушанд
Малоки каромат чоху чалол аст
Дигар хар чи бошад шуморо,фурушанд
Хаметарсам аз бозгаштам ба ин шахр
Хаметарсам аз ин ки моро фурушанд

суббота, 10 октября 2009 г.

Хат кашидаанд





















Номи маро зи хотирахо хат кашидаанд
Аз сафхаи китоби шумо хат кашидаанд
Дигар ба ёди кас нарасам хамчу ойина
Зеро ки аз замину хаво хат кашидаанд
Эй хаткашон паёми маро мебари мабар
Номи маро чу дар хама чо хат кашидаанд
Эй кош пок мешуди ин хотироти дахр
То кас надонад ин ки чаро хат кашидаанд
Онон ки ди ба номи Худо номвар шуданд
Холо ба руи номи Худо хат кашидаанд

вторник, 9 июня 2009 г.

Дасти маро бигир


Дасти маро бигиру бибар суи хонаат,
Дигар чи боки монд барои бахонаат ?
Инак бахор омаду аёми хушдили,
Як боги гул хадя кунам ошиконаат.
Эй булбули шириннафаси боги орзу
Дар сина шури тоза дамид аз таронаат.
Танхойиву хиёли ширинат маро бас аст,
Дилгармии ман аст хиёлу фасонаат.
Навруз рузи шодиву сарсабзиву сафост,
Парвоз кун мурги кафас з-ошёнаат.

Хануз


Дил хавои бешу кам дорад хануз,
Буткада садхо санам дорад хануз.
Мо нафасолудаи нафси худем,
Гайрати мо буи нам дорад хануз.
Гафлати дил парвариши душман аст,
Чуръаташ додем, ситам дорад хануз.
Хеч золимро набуд осудаги,
Зиндаги майли адам дорад хануз
Мактаби Ленин хирадафзо набуд,
Захр у дар Чоми Чам дорад хануз.
Аз китоби зиндаги гофил машав,
Буи атри субхидам дорад хануз.
Боги маъни дам ба дам гул мекунад,
Зулфи маъшук печу хам дорад хануз.

Ватан

Ватан зи буи хушат масти масти маст шудам
Зи хоки куи ту ман хасти хасти хаст шудам
Чу тифл чониби модар хамеша дастдароз
Дароздаст шудам дасти дасти даст шудам
Чавонсуратаму пиртинат аз гами ту
Чу дар шикаст шудам шасти шасти шаст шудам
Ба рузи неки ту ман кудакона хандидам
Ба рузи сахти ту ман пасти пасти паст шудам
Ба хар намоз дуоят кунам ки сабз шави
Ду даст суи само дасти дасти даст шудам

суббота, 30 мая 2009 г.

Бедор шавем



Ёди ту кунем гахе ки бемор шавем,
Ё пир шавему сахт афгор шавем.
Ин хоби дарози мо ба поён нарасид,
Ай кош, ки марг ояду бедор шавем

Модар






Аё модар шунидам пир гашти,

Барои баччаат дилгир гашти.

Маро такдир берун аз Ватан кард,

Ту гамбемори ин такдир гашти.

четверг, 14 мая 2009 г.

Факат туро дорам













Дар ин чахони пурошуб факат туро дорам
Фариштахуй ва махбуб факат туро дорам
Зи хубруии хубон тамаъ надорам хеч
Ки хубтар зи хама хуб факат туро дорам
Маро зи давлати дунё хамин гами ту бас аст
Ту хасти мунису матлуб факат туро дорам
Намеравам чу бирони маро ба сад хори
Ба зарби сангу асочуб факат туро дорам
Зи бевафоии ёрон дилам намеранчад
Биё илохаи маргуб факат туро дорам
Кучост ишку мухаббат кучост мехру вафо
Дар ин замонаи саркуб факат туро дорам

Хаста шудам
















Ман аз хамаи фасонахо хаста шудам
Аз хондани ин таронахо хаста шудам
Хей шеър хамегуяму дилмашгули
Аз шеъру аз ин бахонахо хаста шудам
Компутару кунчи хонаву интернет
Аз худкуши кунчи хонахо хаста шудам
З-ин зиндагии шиориву бехуда
Уфтода ба руи шонахо хаста шудам
Хоб асту хиёл асту сароб аст хама
Эй дуст аз ин нишонахо хаста шудам
Ман як нафасам як хавасам хору хасам
Аз коидаи замонахо хаста шудам
Эй кош ки лахзае чу инсон бошам
Аз васвасаи хизонахо хаста шудам
Айбам макунед ки рост гуфтам боре
Шарманда к-аз ин бахонахо хаста шудам

суббота, 9 мая 2009 г.

Анор
















Монанди анор дог дорад дили ман
Аз доги Анор бог дорад дили ман
Дар зулмати ин замона монанди анор
Чун боми фалак чарог дорад дили ман

пятница, 8 мая 2009 г.
















Рузхо фикри ман ин асту хама шаб суханам,
Ки чаро гофил аз ахволи дили хештанам.
Аз кучо омадаам, омаданам бахри чи буд
Ба кучо меравам охир нанамои Ватанам.
Мондаам сахт ачаб к-аз чи сабаб сохт маро,
Ё чи будаст муроди вай аз ин сохтанам.
Мурги боги малакутам наям аз олами хок,
Ду се рузе кафасе сохтаанд аз баданам.
Кист дар гуш, ки у мешунавад овозам,
Ё кадом аст сухан менихад андар даханам.
То ба тахкик маро манзилу рах нанмои,
Як дам ором нагирам нафасе дам назанам.
Ман ба худ н-омадам ин чо,ки ба худ боз равам,
Он ки овард маро боз барад дар Ватанам

Газали хазрати Мавлоно
Тасвир аз устод Фаршчиён

вторник, 5 мая 2009 г.


Касе аз дур меояд, ки бошад ?
Ачаб масрур меояд, ки бошад ?
Магар хуршед мехмони замин аст ?
Саропо нур меояд, ки бошад ?

Ёде аз аллома Мухаммад Икбол


Имшаб бидуни хеч муносибате ба ёди аллома Икбол он ситораи дурахшони осмони тафаккур ва хикмат афтодам. Албатта шарт нест ки хатман ба муносибат ва бахонае аз бузургони худ ёд кунем. Онон ба мо ниёз надоранд вале мо ба андешахои онхо ниёзмандем.
Аллома Мухаммад Икболи Лохури аз поягузорони тафаккури чадиди исломи буд ва дар бедории зехнии мусалмонон хадамоти беназир анчом додааст. Бисёре аз рушанфикрони мусалмон вакте ба Урупо рафтанд мачзуби чилвахои фиребои дунёи пурнакшу нигори Гарб шуданд ва аз як мухакик ба як мукаллид табдил шуданд. Магар Икбол ки дар Урупо тахсил кард аммо бо чахонбини ва шинохти бунёди ва асиле,ки аз чахон дошт ва бо такя ба фитрати солим ва худогохии динии хеш ва мукоисаи Шарки мусалмон бо гарби динситез хакоик ва дакоикеро кашф кард , ки мояи баракат ва бедории мусалмонони худбохта хохад шуд. Икбол бо акли салим ва рухи бедори худ билофосила мутаваччех шуд, ки илати шукуфои ва пешрафти кораи Урупо аз чароги илму дониш аст. Аммо бархе аз рушанфикрони охурбини мусалмон чунин бардошт карданд, ки иллати пешрафти чомеахои урупои бархоста аз суннатшикани, динситези ва локайдии онон ба умури мукаддаса аст ва чилвахои хиракунанда ва паёмадхои фалсафаи инсонмехвари ва динситезии урупоихоро ба унвони илм ба кишвархои худ ба армугон оварданд.
Аммо Мухаммад Икбол бо шинохти вокеии бунёнхои чомеаи гарби ба хуби дарёфт, ки урупоихои зирак ва дунёталаб тамоми осор ва хикматхои созандаи шарку гарбро гирдовари, тахлил ва тахкик намуда барои рушду шукуфоии чомеахои худ ба кор гирифтаанд.
Икбол дар манзумаи “Асрори худи” ба хамин нукта таваччухи хос намудааст. Вай бо ишора ба “Суперман”-и Нитше мегуяд тамоми вижагихои ин “Суперман” айни хусусиёти “Инсони комил” аст, ки дар ирфони исломи матрах шудааст. Танхо тафовути ин ду ин аст, ки “Суперман”-и Нитше як абармарди бехудо аст ва “Инсони комил” халифаи Худо дар замин.
Мухаммад Икбол бо шинохте, ки аз таърихи мусалмонони садри ислом дошт ва хамчунин бо чахонбиние, ки аз Куръони карим ва аходиси Паёмари аъзам дар зехнаш шакл гирифта буд бовараш намеомад, ки уммате, ки хазрати Мухаммад(с) паёмбари уст ва Куръони карим китоби рохнамояш ин кадар хору залилу заъифу нодон ба бор биояд.

Мусалмон фокамасту жандапуш аст,
Зи кораш Чабраил андар хуруш аст.
Биё тархи дигар миллат бирезем,
Ки ин миллат чахонро бори душ аст.

Дар вокеъ ин на он миллатест, ки Мухаммад паёмбар ва Куръон хидоятгараш аст.Дар калби ин уммат аз он шукуху чалол танхо як иддао боки мондаасту халос!

Банди гайруллох андар пои туст,
Догам аз доге, ки дар симои туст.

Икбол таклидро офати чомеаи исломи медонист.Мусалмонон имруз ибтикор ва халлокиятро аз даст додаанд ва мухимтар аз хама хуввияти хешро низ аз даст додаанд. Ин аст, ки пайравони ин дини васат ё худ муътадил акнун сар аз гиребони “Ифрот” ё “Тафрит” берун меоранд.Ба назари Икбол яке аз авомили инхитот ва аз худбохтагии муслимин дар карнхои ахир хамин падидаи таклид аст. Таклид маншаи бехуввиятии инсон аст. Албатта таклид ба маънои пайрави ва ба коргирии суннатхои хуб ва писандида кори баде нест, аммо бахси мо перомуни он навъ таклидест, ки бар асари аз худбохтаги мунчар ба бехуввияти мешавад. Аллома Икбол дар ин замина ачаб неку мефармояд:


Куввати Магриб на аз чангу рубоб,
Не зи ракси духтарони бе хичоб.
Не зи сехри сохирони лоларуст,
Не зи урёнсоку не аз катъи муст.
Махкамии у на аз лодини аст,
Не фуругаш аз хати лотини аст.
Куввати Магриб аз илму фан аст,
В аз хамин оташ чарогаш рушан аст.
Хикмат аз катъу буриди чома нест,
Монеи илму хунар аммома нест.
Илму фанро эй чавони шуху шанг,
Магз мебояд на малбуси Фаранг.


Икбол дар вокеъ рухи Мавлоно дар асри хеш буд.У андешахои чонбахши хазрати Мавлоно дар бахши Худшиноси ва Худошиносиро ба умури ичтимоии мусалмонон низ таъмим дод то аз ин тарик пайкари нимачон ва рухи фасурдаи уммати исломиро дубора зинда кунад.

Шиквасанчи сахтии ойин машав,
Аз худуди Мустафо берун марав.
Хар ки бар худ нест фармонаш равон,
Мешавад фармонпазири дигарон.
Ноиби хак дар чахон будан хуш аст,
Бар аносир хукмрон будан хуш аст.
Ноиби хак хамчу чони олам аст,
Хастии у зилли исми аъзам аст.

Мухаммад Икбол аз зумраи хакимоне аст,ки бо дироят ва вусъати диди хеш ба макотиби гуногуни гарб бахои сазовор додааст.Аз чумла у дар бораи Морксизм ва равиши Моркс фармудааст:

Дини он пайгамбари хакношинос,
Бар масовоти шикам дорад асос.

Икбол хамчунин аз нахустин мутафаккирони мусалмон аст, ки ба таъсиси хукумати Шурави вокуниш нишон дода ва назарияхои дохии он Ленинро накд мекунад ва суоли кубандаеро матрах менамояд.

Кардаам андар макомотат нигох,
Ло салотин ло калисо ло илох.
Эй ки мехохи низоми оламе,
Ёфтаи уро асоси махкаме?

Зиман аллома Икбол шикасти шармандавор ва бе чуну чарои мактабхои бепоя ва кудратхои дуругинро ба таври фавкулода пешгуи кардааст.

Зиндаги чуи равон асту равон хохад буд,
Ин майи кухна чавон асту чавон хохад буд.
Он чи будасту набояд зи миён хохад рафт,
Он чи босту набудаст хамон хохад буд!

Албатта ман касди навиштани матлаби мунсачиме дар бораи андешахои хазрати Икбол надоштам хамин тавр ба шакли маъмули аз он бузургвор ёд кардем ва ин чанд андешаи нокобилро нисори рухи он бузургвор кардем.
Дар поён ин нуктаро мехохам тазаккур дихам, ки агар аз хазрати Икбол чизе дар зехнатон нест хади акал хар мусалмоне бояд ин байти он хакими доноро бояд бидонад:

Гар ту мехохи мусалмон зистан,
Нест мумкин чуз ба Куръон зистан


Рухаш шод ва хонаи охираташ обод бод!

воскресенье, 3 мая 2009 г.

Намоди рушанфикри


Солхо касд доштам дар бораи шахсияти устод Тохири Абдучаббор чизе бинависам, аммо хар бор, ки калам ба даст мегирифтам худро нотавонтар аз он медидам, ки ба таври шоиста симо ва шахсияти уро ба дигарон муаррифи кунам. Хар боре, ки ин мавзуъ дубора ба зехнам меомад бо бахонахои гуногун ин амрро ба оянда вогузор мекардам. Ба кавли шоир:

Хар шабе гуям, ки фардо тарки ин савдо кунам,
Боз чун фардо шавад имрузро фардо кунам...

Холо хам ки рузномаи “Миллат” ин мавзуро матрах кард ба далели машгалахои кори ва идори боз хам омодаи анчоми хамчунин коре набудам, аммо аз худфиребихои пуч навиштани матлабе харчанд парешон бехтар аст.
Нуктае солхо дар зехни ман дар мавриди устод Тохир чарх мезад ва ман танхо ба хотири баёни он хозир ба навиштани ин макола шудам ва он чумла ин аст, ки :
Тохири Абдучаббор- бехтарин намунаи рушанфикри комили точик дар карни бистум аст.
Агар дар карни нуздах танхо рушанфикри точик Ахмади Дониш буд дар карни бистум бидуни шак Тохири Абдучаббор намоди рушанфикрии мо точикон аст.
Ин нуктаро набояд фаромуш кард, ки диплом, унвонхои баландболо, маком, тахассус, шиму костюм ва галстук ба хеч вачх аз нишонахои рушанфикри махсуб намешаванд.
Нишонаи аслии рушанфикри- озодаги , доштани диди боз, назари созанда дар бораи ичтимоъ ва истодагиву муковимат дар рохи расидан ба ормонхои мутаолии як миллат аст.
Рушанфикрч тахассус нест, балки талоши хастанопазир барои эхёи хуввият ва шахсияти як миллат мебошад. Инсонхо метавонанд бо фаъолиятхои тахассуси ва корбурди зарфият ва истеъдоди ботинии хеш дар таърих мондагор шаванд, аммо ин хадафи рушанфикри нест. Хадафи рушанфикр барангехтани рухи муштараки як миллат барои шоиста зистани он дар ичтимои башари аст. Ба кавли генерал Хемусу, ки барои иттиходи кабилахои парокандаи нимчазираи Корея талош мекард: “Як миллат дар руи замин сохта намешавад балки дар калби афроди он сохта мешавад.”
Алии Шариати- файласуф ва чомеашиноси номовари Ирони дар мавриди нишонахо ва рисолати рушанфикр фармудааст: “ Рушанфикр ичтимои будан, дар канор ва миёни мардум будан ва дар баробари сарнавишти як миллати асир ва як табакаи махкум, худро мутааххид эхсос кардан аст.
Рушанфикр рисолаташ рахбари кардани сиёсии чомеа нест, рисолати рушанфикр худогохи додан ба матни чомеа аст, факат ва факат хамин ва дигар хеч. Агар рушанфикр битавонад ба матни чомеа худогохи бидихад, аз матни чомеа кахрамононе бархоханд хост, ки лаёкати рахбарии худи рушанфикрро хам доранд ва то вакте ки аз матни мардум кахрамон намезояд, рушанфикр рисолат дорад.”
Вакте Рахматкарим аз беиттилоии як ронандаи такси дар Хучанд аз Тохири Абдучаббор хайратзада мешавад, чойи гила нест. Охир дар ин чомеа Тохири Абдучаббор на “раккоса” аст ва на “хофиз”, ки уро бишносанд. у ахли андеша ва тафаккур аст!
Ба кавли аллома Икбол:

Асри ман донандаи асрор нест,
Юсуфи ман бахри ин бозор нест.

Имруз дар чомеаи мо афроде хастанд, ки бо истифода аз “ганчхои бодоварда” чилд- чилд китоби хазорсахфаии менависанд, ки бо мутолиаи онхо хеч хиссе дар вучуди хонанда такон намехурад ва ба чуш намеояд, аммо бо хондани матлаб ва ё шунидани харфе аз забони як рушанфикри вокеи инсони худогох дигаргун мешавад.
Тохири Абдучаббор низ ба мухотаби хеш хамин нуктаро меомухт. Хама медонанд, ки Тохир агар дарди рушанфикри надошт метавонист бо тахассус ва истеъдоди фавкулодаи хеш дар хар кучое зиндагии осуда ва рохат дошта бошад, аммо у ба хотири анчоми рисолати хеш ба унвони як рушанфикр аз хамаи лаззатхои дуняви сарфи назар кард ва ба ормонхои баланди инсони содик монд. Бо амри такдир бо аксари шахсиятхои фарханги, сиёси, инкилоби ва рухонии точик дар даххаи навади карни бист ошно будам аммо хеч кадом дар фурутани, шикастанафси ва махори хавову хавас ба пои Тохири Абдучаббор намерасид. Хар ки хамнишини Тохир буда ин нуктаро наметавонад инкор кунад. Нишастан дар сухбати у кашиш ва халовати хос дорад. Замони донишчуи хангоме, ки пои сухбати у менишастем ба икрори хамаи дустон аз чумла Шафакати Рачабиён ва Мухаммадрозики Неъмат дар вучуди мо майли бехаду хасри мутолиаи китоб пайдо мешуд
Хадафи устод Тохири Абдучаббор аз аввал ичоди тахаввули фикри ва рухи дар зехни мардуми точик буд, на рохандозии инкилоби ичтимои барои дастёби ба кудрати сиёси. Агар хадафи у чунин мебуд, пас дар низоми гузашта рохаттар метавонист ба макоми баланди сиёси бирасад, аммо ин корро накард.
Ин ки дар харакати сиёсии даххаи навад бархе афроди хангоматалаб ва ситезачу даври у чамъ меомаданд як амри табии буд. Хеч харакат ва хизби сиёсие аз ин гуна офатхо дар амон набуда ва нест. Ба кавли шайх Саъди:

Хар ки ширини фурушад, муштари бар вай бичушад
Ё магасро пар бибандад ё асалро сар бипушад

Зохиран ширинихои дукони Тохири Абдучаббор сарпушида буданд ва магасхо, ки тахаммули кашидани ранчи интизорро надоштанд, ба бозорхои дигар сарозер шуданд.
Марзи шинохти хаку ботил, кавлу амал аст, ки вокеан ин бузургвор мисдоки ошкори он аст. у харгиз бо касе манофеи миллиро бо манофеи гурухиву шахси муомила накард, ки ин амр низ аз нишонахои аслии рушанфикри аст. Хамагон шохид будем, ки дар даххаи навад- даврони бебандубори дар кишвар чи гуна гуруххо ва шахсиятхои сиёси чехра иваз карданд ва зери шиорхои болобаланди “милли” , аммо бо хадафхои судчуёна, манофеи кишвариро бо хам ва бегонагон муомила карданд. Котеият ва садокати устод Тохир ба арзищои милли ва худдори аз анчоми муомила перомуни ин усулхои дахлнопазир бисёре аз хамсафони мугриз ва тамаъчуйи уро хашмгин ва ноумед кард ва онхо бо нисбат додани иттихомоти беасос домани уро рахо карданд ва ба чабхаи хангомачуёну фурсатталабон пайвастанд. Ин гуруххо ва шахсиятхои муддаи тайи ин солхо саргарми муомилаи кудрати сиёси, манофеи иктисоди ва дастёби ба гаразхо ва хаваову хаваси худ шуда аз масоили бунёди ва хастибахши милли фаромуш карданд. Дар ин миён танхо рахбари сиёси ва рушанфикре, ки ба ормонхо ва арзищои милли пойбанд ва содик монд хамин Тохири Абдучаббор буд.
Рушанфикр дар вокеъ як муслехи ичтимои аст, ки фаротар аз ихтисоси хирфаи дар масоили мухими сиёси, иктисоди, ичтимои ва фархангии чомеаи хеш дорои дид ва назари хоси созанда аст. Яке аз вижагихои боризи рушанфикр вучуди ангезаи интикодгарои дар зехни уст, зеро танхо рушанфикрон хастанд, ки пеш аз дигарон сихату саками падидако ва росту дуруги андешахоро дарк ва аз хам чудо мекунанд.
Дар як калом, рушанфикр зимни доштани шинохт ва огохи ба масоил ва падидахо бояд накдгаро, навгаро, амалгаро ва дар нихоят ба ормонхои хеш пойбанд бошад.
Рушанфикр касест, ки фориг аз таассуб ва дур аз фармонбари, бештар кори фикри мекунад ва хосили кораш беш аз он ки чалби нафъи модди ва шахси бошад, халли мушкили ичтимои аст. Хулоса, рисолати рушанфикр- рушангару аст
Хадафи фалсафаи рушангари оростани чахон бо зевари хираду огохи ва дастёби ба адолати ичтимои ва аз байн бурдани чахлу хурофот аст. Дар асри кунуни ба баракати расонахо, бистари накду гуфтугу дар хама олам фарогир шуда ва чомеае, ки аз танкид барошубад нукоти заъфашро ба чойи он ки аз дустон ва дилсузон бишнавад аз бегонагони бемехр дарёфт менамояд. Имруза бисёре аз давлатхои гарби бар ин назарияи сиёси устуворанд, ки бояд “Давлати соя” вучуд дошта бошад. “Давлати соя” иборат аз хизбхо ва афродест, ки кори онхо факат ёфтани айбхо ва заъфхои давлати хоким мебошад. Ин гуна афрод на танхо мавриди бемехри карор намегиранд, балки химоят низ мешаванд ва вучуди онхо барои давлат бисёр зарури ва лозим аст, чун дар байни айбхо ва мушкилоти дигаре, ки онхо метарошанд, гоххо мавридхоеро пайдо мекунанд, ки вокеан айб ва заъфи бузург аст.
Тамоми андешамандон ва хакимони чахон бар ин нукта вахдати назар доранд, ки яке аз шартхои пойдории хукуматхо чалби афроди шоиста дар умури кишвардори аст. Аз чумла, Конфусиюс- хакими Чини дар ин бора гуфтааст: “ хукмрон метавонад бо мухтарам доштани афроди шоиста аз хато дар казоват ичтиноб кунад. Бо дур кардани бадгуён ва чашм фуру бастан бар фиребандагихои зебои, бо чидди нагирифтани сарват ва эхтиром гузоштан ба фазилат ва такво метавонад афроди шоистаро ташфик намояд ва бо кумаки онхо хукуматашро муваффак дорад. Дар як мамлакат агар ба афроди покдоман ва бо истеъдод эътимод нашавад, он мамлакат холи ва бе мутассади хохад монд
Мохи феврал вакте, ки ба аёдати Тохири Абдучаббор ба Техрон рафтам устод чандон вазъи хубе надошт. Бо ин вучуд, сухбатро чун айёми донишчуйи аз мавзуи илму фарханг шуруъ кард. у аз ман мепурсид, ки тайи солхои ахир чи китобхои хубе дар Техрон чоп шудааст ва кадом сохибназари чадиде дар Ирон зухур кардааст, ки ман бехабар монда бошам. Мо ки шадидан нигарони вазъи саломатии у будем, хайратзада шудем. Тули чахор рузе, ки хидмати устод будем сухбати у хама перомуни масоили мухими фарханги, ичтимои ва тозахои илми буд ба тавре ки фаромуш карда будам, ки у барои дармони дарди лоилочи хеш ба Ирон омадааст. Бемор будани уро аз чехраи афсурда ва харфхои духтари мунисаш дар бораи ранчхои шабонаи устод дарк мекардам. Он замон беихтиёр харфхои як фархангии дигари точик, ки барои як хафта ба Ирон омада буд ба хотирам расид, ки бо такаббур ва гилоя мегуфт:” Эй бародар, дар ватани шумо халкамон кок шуд
Холо бубинед, тафовути кор аз кучост то ба кучо
Дасте, ки ба кавли Рахматкарими Давлат “конуни истиклоли миллат”-ро навишт имруз таку танхо сари сохиби худро сила мекунад то ранчи фишори гуддаи (саратони) бар магзи ин марди мунавварфикрро кохиш дихад. Медонам, ки ин навиштахои мо дигар хеч дарди устодро дармон намебахшад, аммо аз назари рухи шояд ин итминон дар вучуди у кавитар гардад, ки саранчом рости бар дуруг пируз аст. Сарнавишти устод Тохири Абдучаббор ва миллати парешонрузгори уро мебинаму ин китъаи аллома Икбол ба зехнам меояд:

Чу барбастам рахти хеш аз ин хок
Хама гуянд, ки бо мо ошно буд
Валекин кас надонист ин мусофир
Чи гуфту бо ки гуфту аз кучо буд

вторник, 28 апреля 2009 г.




Марде ба вусъати хамаи рузгор рафт
Накши бахор мондаву буи бахор рафт
Гуйи барои мову ту дигар бахор нест
Ин растахез омаду он растагор рафт
Он рухи устувор чу он кухи пойдор
Танхо гузошт миллати беихтиёр рафт
Андухи у ба шонаи як духтари латиф
Тобути у ба гушаи танги диёр рафт
Ай кош хамнишини ту будам тамоми умр
Сард аст зиндаги агарат гамгусор рафт
Имруз рузи мотами як кавми гофил аст
Озодмарди рушану иззатмадор рафт
Марде ки бо замонаи рокид ситез кард
Аз чабри ин замонаи бебандубор рафт
Хар руз доги тоза ба дил мерасад зи дуст
Кофиладори силсилаи догдор рафт
Падруд ай муаллими озодагони кавм
Химматбаланду нодираи рузгор рафт