среда, 16 июня 2010 г.

Марзи Ориё



Шерозу Бухорову Самарканд якест
Табрезу Хучанду Балху Майманд якест
Якрангии мо зи неъмати порси аст
Омуву Хариву руди Арванд якест

Техрону Душанбеву Самарканд якест
Марву Хутану Мазору Хилманд якест
Бо шеваи порси чахонгир шудем
Помиру Сулаймону Дамованд якест

Нест нест


Ба дунё вафову карин нест нест
Умеде аз ин нозанин нест нест

Зи навдавлатон интизори бехи
Надорам, ки бадтар аз ин нест нест

Хама нуши олам ба неш андар аст
Ки дар косааш ангубин нест нест

Хунар хор гашту хунарвар хакир
Касеро ба илмаш якин нест нест


Ачучу Мачуч бо ману бо ту аст
Дигар хеч вахме ба Чин нест нест


Гарибиву арбоби золиму факр
Балое батар аз хамин нест нест


Аё чавфурушони гандумнамо
Шумо решатон дар замин нест нест


Агар шеърро дурри маъни набуд
Шиор асту шоир чунин нест нест

четверг, 10 июня 2010 г.

Нафас мекашем


Чу аз чохи гафлат нафас мекашем
Нафас дар нафас мо кафас мекашем


Чу дар банди дунёи нафси худем
Зи дарёи хасти хавас мекашем


Хало, корвон рафту вомондаем
Барои ки дигар чарас мекашем


Зи хайрат надонем, ки оянда чист
Кадамхо ба пешу ба пас мекашем


Хушо гар амонат саломат барем
Вагарна хама хору хас мекашем

суббота, 5 июня 2010 г.

Дуо дар хаки лафзи дари


Худоё, ба хуршеди гетифуруз
Ба партавфишониш дар Нимруз
Ба моху ба бозигарихои мох
Ки торику рушан кунад базмгох
Ба субхи дурахшон, ки бахшад умед
Зи дил тирагихо кунад нопадид
Ба хангоми шаб гохи розу ниёз
Ба даргохи Хак довари чорасоз
Ба бахри муаллак, басити замин
Ба парвардигори хам ону хам ин
Ба рухи Низомии чодусухан
Сухандони парварда, пири кухан
Чахонро саросар зи лафзи дари
Ато кун нишоти забоновари
Фузун кун ба олам шакархандро
Рахойи дех ин порси кандро
Суханпарваронро ту худ ёр бош
Забони дариро нигахдор бош

Хасани Хабиби

пятница, 4 июня 2010 г.

Порси


Гул нест, мох нест, дили мост порси
Гавгой, ки тараннуми дарёст порси
Аз офтоб муъчиза бар душ мекашад
Ру бар муроду руй ба фардост порси
Аз Шом то ба Кошгар, аз Синд то Хучанд
Ойинадори олами болост порси
Торихро васикаи сабзи шукухро
Хуни ману каломи муталлост порси
Рухи бузургу табли Хуросониёни пок
Чатри шараф, каломи Масехост порси
Тасвирро, магозаларову таронаро
Чугрофиёи маънавии мост порси
Сарсахт дар хамосаву хамвор дар суруд
Пайдо бувад аз ин, ки чи зебост порси
Бонги сапеда арсаи бедорбоши мард
Пайгамбари хунар, сухани рост, порси
Дунё бигу мабош бузурги, бигу бирав
Моро фазилатест, ки морост порси

(Зиндаёд Каххори Оси)