среда, 16 июня 2010 г.

Нест нест


Ба дунё вафову карин нест нест
Умеде аз ин нозанин нест нест

Зи навдавлатон интизори бехи
Надорам, ки бадтар аз ин нест нест

Хама нуши олам ба неш андар аст
Ки дар косааш ангубин нест нест

Хунар хор гашту хунарвар хакир
Касеро ба илмаш якин нест нест


Ачучу Мачуч бо ману бо ту аст
Дигар хеч вахме ба Чин нест нест


Гарибиву арбоби золиму факр
Балое батар аз хамин нест нест


Аё чавфурушони гандумнамо
Шумо решатон дар замин нест нест


Агар шеърро дурри маъни набуд
Шиор асту шоир чунин нест нест