четверг, 10 июня 2010 г.

Нафас мекашем


Чу аз чохи гафлат нафас мекашем
Нафас дар нафас мо кафас мекашем


Чу дар банди дунёи нафси худем
Зи дарёи хасти хавас мекашем


Хало, корвон рафту вомондаем
Барои ки дигар чарас мекашем


Зи хайрат надонем, ки оянда чист
Кадамхо ба пешу ба пас мекашем


Хушо гар амонат саломат барем
Вагарна хама хору хас мекашем