суббота, 5 июня 2010 г.

Дуо дар хаки лафзи дари


Худоё, ба хуршеди гетифуруз
Ба партавфишониш дар Нимруз
Ба моху ба бозигарихои мох
Ки торику рушан кунад базмгох
Ба субхи дурахшон, ки бахшад умед
Зи дил тирагихо кунад нопадид
Ба хангоми шаб гохи розу ниёз
Ба даргохи Хак довари чорасоз
Ба бахри муаллак, басити замин
Ба парвардигори хам ону хам ин
Ба рухи Низомии чодусухан
Сухандони парварда, пири кухан
Чахонро саросар зи лафзи дари
Ато кун нишоти забоновари
Фузун кун ба олам шакархандро
Рахойи дех ин порси кандро
Суханпарваронро ту худ ёр бош
Забони дариро нигахдор бош

Хасани Хабиби