пятница, 4 июня 2010 г.

Порси


Гул нест, мох нест, дили мост порси
Гавгой, ки тараннуми дарёст порси
Аз офтоб муъчиза бар душ мекашад
Ру бар муроду руй ба фардост порси
Аз Шом то ба Кошгар, аз Синд то Хучанд
Ойинадори олами болост порси
Торихро васикаи сабзи шукухро
Хуни ману каломи муталлост порси
Рухи бузургу табли Хуросониёни пок
Чатри шараф, каломи Масехост порси
Тасвирро, магозаларову таронаро
Чугрофиёи маънавии мост порси
Сарсахт дар хамосаву хамвор дар суруд
Пайдо бувад аз ин, ки чи зебост порси
Бонги сапеда арсаи бедорбоши мард
Пайгамбари хунар, сухани рост, порси
Дунё бигу мабош бузурги, бигу бирав
Моро фазилатест, ки морост порси

(Зиндаёд Каххори Оси)