вторник, 5 мая 2009 г.

Ёде аз аллома Мухаммад Икбол


Имшаб бидуни хеч муносибате ба ёди аллома Икбол он ситораи дурахшони осмони тафаккур ва хикмат афтодам. Албатта шарт нест ки хатман ба муносибат ва бахонае аз бузургони худ ёд кунем. Онон ба мо ниёз надоранд вале мо ба андешахои онхо ниёзмандем.
Аллома Мухаммад Икболи Лохури аз поягузорони тафаккури чадиди исломи буд ва дар бедории зехнии мусалмонон хадамоти беназир анчом додааст. Бисёре аз рушанфикрони мусалмон вакте ба Урупо рафтанд мачзуби чилвахои фиребои дунёи пурнакшу нигори Гарб шуданд ва аз як мухакик ба як мукаллид табдил шуданд. Магар Икбол ки дар Урупо тахсил кард аммо бо чахонбини ва шинохти бунёди ва асиле,ки аз чахон дошт ва бо такя ба фитрати солим ва худогохии динии хеш ва мукоисаи Шарки мусалмон бо гарби динситез хакоик ва дакоикеро кашф кард , ки мояи баракат ва бедории мусалмонони худбохта хохад шуд. Икбол бо акли салим ва рухи бедори худ билофосила мутаваччех шуд, ки илати шукуфои ва пешрафти кораи Урупо аз чароги илму дониш аст. Аммо бархе аз рушанфикрони охурбини мусалмон чунин бардошт карданд, ки иллати пешрафти чомеахои урупои бархоста аз суннатшикани, динситези ва локайдии онон ба умури мукаддаса аст ва чилвахои хиракунанда ва паёмадхои фалсафаи инсонмехвари ва динситезии урупоихоро ба унвони илм ба кишвархои худ ба армугон оварданд.
Аммо Мухаммад Икбол бо шинохти вокеии бунёнхои чомеаи гарби ба хуби дарёфт, ки урупоихои зирак ва дунёталаб тамоми осор ва хикматхои созандаи шарку гарбро гирдовари, тахлил ва тахкик намуда барои рушду шукуфоии чомеахои худ ба кор гирифтаанд.
Икбол дар манзумаи “Асрори худи” ба хамин нукта таваччухи хос намудааст. Вай бо ишора ба “Суперман”-и Нитше мегуяд тамоми вижагихои ин “Суперман” айни хусусиёти “Инсони комил” аст, ки дар ирфони исломи матрах шудааст. Танхо тафовути ин ду ин аст, ки “Суперман”-и Нитше як абармарди бехудо аст ва “Инсони комил” халифаи Худо дар замин.
Мухаммад Икбол бо шинохте, ки аз таърихи мусалмонони садри ислом дошт ва хамчунин бо чахонбиние, ки аз Куръони карим ва аходиси Паёмари аъзам дар зехнаш шакл гирифта буд бовараш намеомад, ки уммате, ки хазрати Мухаммад(с) паёмбари уст ва Куръони карим китоби рохнамояш ин кадар хору залилу заъифу нодон ба бор биояд.

Мусалмон фокамасту жандапуш аст,
Зи кораш Чабраил андар хуруш аст.
Биё тархи дигар миллат бирезем,
Ки ин миллат чахонро бори душ аст.

Дар вокеъ ин на он миллатест, ки Мухаммад паёмбар ва Куръон хидоятгараш аст.Дар калби ин уммат аз он шукуху чалол танхо як иддао боки мондаасту халос!

Банди гайруллох андар пои туст,
Догам аз доге, ки дар симои туст.

Икбол таклидро офати чомеаи исломи медонист.Мусалмонон имруз ибтикор ва халлокиятро аз даст додаанд ва мухимтар аз хама хуввияти хешро низ аз даст додаанд. Ин аст, ки пайравони ин дини васат ё худ муътадил акнун сар аз гиребони “Ифрот” ё “Тафрит” берун меоранд.Ба назари Икбол яке аз авомили инхитот ва аз худбохтагии муслимин дар карнхои ахир хамин падидаи таклид аст. Таклид маншаи бехуввиятии инсон аст. Албатта таклид ба маънои пайрави ва ба коргирии суннатхои хуб ва писандида кори баде нест, аммо бахси мо перомуни он навъ таклидест, ки бар асари аз худбохтаги мунчар ба бехуввияти мешавад. Аллома Икбол дар ин замина ачаб неку мефармояд:


Куввати Магриб на аз чангу рубоб,
Не зи ракси духтарони бе хичоб.
Не зи сехри сохирони лоларуст,
Не зи урёнсоку не аз катъи муст.
Махкамии у на аз лодини аст,
Не фуругаш аз хати лотини аст.
Куввати Магриб аз илму фан аст,
В аз хамин оташ чарогаш рушан аст.
Хикмат аз катъу буриди чома нест,
Монеи илму хунар аммома нест.
Илму фанро эй чавони шуху шанг,
Магз мебояд на малбуси Фаранг.


Икбол дар вокеъ рухи Мавлоно дар асри хеш буд.У андешахои чонбахши хазрати Мавлоно дар бахши Худшиноси ва Худошиносиро ба умури ичтимоии мусалмонон низ таъмим дод то аз ин тарик пайкари нимачон ва рухи фасурдаи уммати исломиро дубора зинда кунад.

Шиквасанчи сахтии ойин машав,
Аз худуди Мустафо берун марав.
Хар ки бар худ нест фармонаш равон,
Мешавад фармонпазири дигарон.
Ноиби хак дар чахон будан хуш аст,
Бар аносир хукмрон будан хуш аст.
Ноиби хак хамчу чони олам аст,
Хастии у зилли исми аъзам аст.

Мухаммад Икбол аз зумраи хакимоне аст,ки бо дироят ва вусъати диди хеш ба макотиби гуногуни гарб бахои сазовор додааст.Аз чумла у дар бораи Морксизм ва равиши Моркс фармудааст:

Дини он пайгамбари хакношинос,
Бар масовоти шикам дорад асос.

Икбол хамчунин аз нахустин мутафаккирони мусалмон аст, ки ба таъсиси хукумати Шурави вокуниш нишон дода ва назарияхои дохии он Ленинро накд мекунад ва суоли кубандаеро матрах менамояд.

Кардаам андар макомотат нигох,
Ло салотин ло калисо ло илох.
Эй ки мехохи низоми оламе,
Ёфтаи уро асоси махкаме?

Зиман аллома Икбол шикасти шармандавор ва бе чуну чарои мактабхои бепоя ва кудратхои дуругинро ба таври фавкулода пешгуи кардааст.

Зиндаги чуи равон асту равон хохад буд,
Ин майи кухна чавон асту чавон хохад буд.
Он чи будасту набояд зи миён хохад рафт,
Он чи босту набудаст хамон хохад буд!

Албатта ман касди навиштани матлаби мунсачиме дар бораи андешахои хазрати Икбол надоштам хамин тавр ба шакли маъмули аз он бузургвор ёд кардем ва ин чанд андешаи нокобилро нисори рухи он бузургвор кардем.
Дар поён ин нуктаро мехохам тазаккур дихам, ки агар аз хазрати Икбол чизе дар зехнатон нест хади акал хар мусалмоне бояд ин байти он хакими доноро бояд бидонад:

Гар ту мехохи мусалмон зистан,
Нест мумкин чуз ба Куръон зистан


Рухаш шод ва хонаи охираташ обод бод!

Комментариев нет: