воскресенье, 11 октября 2009 г.

Бозор




















Дар ин шахр шоху гадоро фурушанд
Ману ту ки бошем? Худоро фурушанд
Дар ин Чумъабозори чори чавонон
Чавониву хусни расоро фурушанд
Заминро ба Чину фазоро ба Мочин
Замину замону хаворо фурушанд
Чу номус колои бозориён шуд
Хама гавхари бебахоро фурушанд
Худиро дар ин шахр бегона дидам
Ба бегона сад ошноро фурушанд
Дар ин шахр ашрор болонишинанд
Хирадмандиву порсоро фурушанд
Хама чиз андар хариду фуруш аст
Каломи Худову дуоро фурушанд
Малоки каромат чоху чалол аст
Дигар хар чи бошад шуморо,фурушанд
Хаметарсам аз бозгаштам ба ин шахр
Хаметарсам аз ин ки моро фурушанд

4 комментария:

Бехруз Забехулло комментирует...

Салом ва табрик!
Хеле зебо ва бо мантиқи баландю
Аммо фикр мекунам каме дер шуда бошад, чун моро кайхо бидуни мунокиса фурухтаанд.

Firdavsi Azam комментирует...

she'ri khube ast, sabz boshed.
Firdavs

Набиюллохи Суннати комментирует...

Торнигори зебо ва хондани, аммо агар идома мешуд, боз хубтар мебуд.

Анонимный комментирует...

Хеле хуб аст. Илхоми парфишон ва нархи гарон бар Шумо.