воскресенье, 3 апреля 2011 г.

Ояи сабзи бахор


Биё ки ояи сабзи бахорро хонем

Биё варак вараки кирдугорро хонем

Биё ки гурбату хичрони ёр кушт маро

Дуои хатми рахи интизорро хонем

Чи зиндагист ки дар обу оташем мудом

Суруди талхи сияхрузгорро хонем

Ба рузи сахту балои азиму бими хатар

Паёми хазрати парвардигорро хонем

Дилам гирифт зи якрангиву русуми кухан

Биё китоби нави ибтикорро хонем

Ту аз табори бузургону оли Сомони

Биё таронаи шабзиндадорро хонем

Ту аз кабилаи Масъуду Сарбадорони

Биё ки хотираи мондагорро хонем

Кунун ки фасли шукуфтан фаро расид биё

Биё ки ояи сабзи бахорро хонем