четверг, 23 декабря 2010 г.

муомила

Фарёду бонги кофиларо бешу кам макун
Анбони пушти рохиларо бешу кам макун


Бинвозиву бисузи маро, хар чи мекуни
Мизони ин муомиларо бешу кам макун


Мо чабри ту зиёд кашидем, зинда бош
Аммо хутути фосиларо бешу кам макун


Сахл аст дар хисори укубат, умедвор
Захми даруни обиларо бешу кам макун


Эй толиби саъодату эй ошики хаёт
Тамринхои нофиларо бешу кам макун