четверг, 23 декабря 2010 г.

парешони

Мавчи зиндаги бурдам сохили парешони
Гарк мешавам инак дар дили парешони


Баъд аз ин нишонамро хеч кас намепурсад
Шахри нокучободам, манзили парешони


Аз суномии такдир тика-тика шуд хушам
Хотирам парешон кард омили парешони


Хар кучо гарибе хаст, дардро насибе хаст
Мешавад парешонтар мушкили парешони


Зулфро парешон кард, аклро ба зиндон кард
Инфичори афкор аст кокули парешони


Ноумедиву пучи, хастагиву дилтанги
Як сари пур аз васвос, хосили парешони