суббота, 16 июля 2011 г.

Эй хушхиром










Садхо хиёли тоза, ки парвардаму нашуд
Бояд, ки як муъомила мекардаму нашуд


То дидамат забони ман аз гуфтугу фитод
Махбус шуд ба сина гаму дардаму нашуд


Мехостам бигуямат: эй...банд шуд нафас
Бархост оташ аз бадани сардаму нашуд


Эй хушхиром! рафтиву ман музтарибу лол
Аз сина охи сард баровардаму...нашуд


Харфе барот гуяму арзи адаб кунам
Аз чо баланд гаштаву баргардаму...нашуд


Барки нигохи шуълаварат сухт хастиям
Бояд, ки як муъомила мекардаму нашуд

воскресенье, 3 апреля 2011 г.

Ояи сабзи бахор


Биё ки ояи сабзи бахорро хонем

Биё варак вараки кирдугорро хонем

Биё ки гурбату хичрони ёр кушт маро

Дуои хатми рахи интизорро хонем

Чи зиндагист ки дар обу оташем мудом

Суруди талхи сияхрузгорро хонем

Ба рузи сахту балои азиму бими хатар

Паёми хазрати парвардигорро хонем

Дилам гирифт зи якрангиву русуми кухан

Биё китоби нави ибтикорро хонем

Ту аз табори бузургону оли Сомони

Биё таронаи шабзиндадорро хонем

Ту аз кабилаи Масъуду Сарбадорони

Биё ки хотираи мондагорро хонем

Кунун ки фасли шукуфтан фаро расид биё

Биё ки ояи сабзи бахорро хонем

Шоир

Шаб асту марди гарибеву кунчи танхои
Чарогу дуди сигору хиёли руёйи
Садои так-таки соат ва зузаи саги пир
Нигохи хираи мах чун занони рустойи


Ва пушти панчара як марди логари бехоб
Ба руи миз яке нони хушку косаи об
Ва баргахои парешони дастнохурда
Ба фарши хонаи худ чида бастахои китоб


Зи пушти панчара зум карда суи чехраи шаб
Сукутро ба нафас мешикаст охиста
Дар интизори ручуи паррандаи илхом
Ва шеъри ноби дигар, менишаст охиста


Ду даст зери манах дошт марди афсурда
Тамоми муи сараш мисли пахта буд сафед
Чизе надошт ту гуи зи моли сарвату чох
Факат хамин ки зи дунё хануз дошт умед...

Навруз



Бо хариру парниён омад зи домони бахор

Чони худро ман чавон кардам зи чонони бахор


Рузи Наврузасту аёми нишоту хуррами

Хез наврузи кунем дар богу бустони бахор


Хеч накше нест зеботар зи накши богу рог

Чумла наккошони олам гашта хайрони бахор


Бог медони чи мегуяд зи роги синааш

Ошикони зиндаги бошанд хохони бахор


Дашт менозад зи дебои зумуррадгуни хеш

Бог мераксад ба лутфи боду борону бахор


Мургакон базму тараб доранд дар сахрову дашт

Булбулон шабзиндадоранд дар шабистони бахор


Раъд бонги шодмони мезанад дар осмон

Абр ашки шавк меборад зи мижгони бахор


Дар нигористони олам буи чони тоза аст

Рангбози мекунад наккоши даврони бахор


Аз замину осмон гавгои махшар мерасад

Мегурезад лашкари сармо зи исёни бахор


Бехтарин устоди хикмат буд Наврузи Ачам

Худ Фалотун мешавад кас дар дабистони бахор


Боз шеъри форсиро дар фалак хонад малак

Бартар аз ин шеър набвад чуз ба девони бахор


То ки Ирон асту ирони дилам осуда аст

Сабз бодо зиндаги дар Точикистони бахор

Овора



Ман, ки оворатарин марди Бадахшон будам

Солхо резахури хони Хуросон будам

Борхо хоки дари Муса Ризо бусидам

Хокдони хама мардони худо бусидам

Хеч гах дар талаби рохати дунё набудам

Хеч рах мисли занон гарки таманно набудам

Харчи хак дод маро шукри хамон мекардам

Шукр аз лутфи чахондори чахон мекардам

Дар чавони сари пурбоду хурушон будам

Бо такаббур хаваси мулки Сулаймон будам

Чун зи бозии фалак хаставу ноком шудам

Ру ба даргохи худо кардаму ором шудам

Холи дар мулки Хуросонаму шохи дили хеш

Хеч кас муниси ман нест чуз охи дили хеш

вторник, 22 февраля 2011 г.

Таъоруз

Замину осмон мулки худо аст
Вале одам зи хикмат бенаво аст
Ман аз ин бутпарастон дар шигифтам
Худошон хуфта дар музейи мо аст
Вале мо гофилу хинду чи бедор
Мусалмон дар замин у дар само аст
Таъорузро бубин дар кори дунё
Тафовутро бубин беинтихо аст
Агар ту зиндаи озодагит ку
Агар ту бандаи аклат кучо аст
Аз ин берун набуд ахволи муслим
Ки дар пиндори у макру риё аст
Киёс аз бахри ибрат буд, варна
Хисоби куфру дин аз хам чудо аст

суббота, 19 февраля 2011 г.

Сарнагунии Фиръавн










Охи мо таркид, чун фаввора шуд

Пардаи пиндори тогут пора шуд

Юсуфистон аст Мисри мо кунун

Окибат Фиръавн хам овора шуд